Э. Раҳмон: Ҷашни Наврӯз ба ягон дину мазҳаб робита надорад
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- “Яке аз сабабҳои асосии мақоми байналмилалӣ пайдо кардани Наврўз, ки 19-уми феврали соли 2010 бо қатъномаи Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, дар ҷавҳари инсондўстиву таҳаммулгароӣ ва парастиши некиву накукорӣ нуҳуфтааст,-гуфт Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз.
Ба иттилои Сарвари давлат ҷомеаи мутамаддини муосир беш аз ҳар вақти дигар ба ойинҳои инсондўстона ва хиради созанда ниёз дорад. Ва Наврўзи ҷаҳонӣ имрўз низ метавонад дар ҳамгироиву ҳамкорӣ, сулҳу созиш ва дўстиву ҳамдигарфаҳмии мардуми сайёра нақши муассир дошта бошад, яъне инсониятро муттаҳид созад ва ҳамчун василаи беҳтарини гуфтугўи тамаддунҳо хизмат намояд.
-Такрор ҳам шавад, мехоҳам як далели равшани илмиро хотирнишон созам, ки Наврўз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.
Аз ин лиҳоз, ин ҷашни бостонӣ илова бар ин, ки далели қадимӣ будани миллати тоҷик мебошад, ба ягон дину мазҳаб робита надорад, тобеи ягон мафкура ё ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ нест ва аз ҷумлаи чашнҳои камназири башарият аст, ки онро хурду бузурги мардумони мухталифи сайёра истиқбол мегиранд,- таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






