Э. Раҳмон: «Ҷавононро ба китобхонӣ дилгарм созед»
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода ). — «Дар тӯли фақат панҷ соли охир дар мамлакат 13 қасри фарҳангӣ, 5 осорхона, 13 китобхона, 60 мағоза ва дӯкони китобфурӯшӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, ки бо тамоми шароити муосир яке аз махзанҳои бузурги илму дониш мебошад, инчунин Осорхонаи миллӣ сохта шуда, 305 китобхона ва 105 қасри фарҳангӣ аз таъмир бароварда шуд”,- гуфт зимни суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, 20 март дар Душанбе.
Ӯ ҳамчунин таъкид намуд: «Акнун вазифаи шумо, аҳли зиё ва эҷодкорон аз он иборат аст, ки ҳарчи бештар эҷод кунед, наврасону ҷавононро ба дӯст доштани китоб, омӯхтани илму дониш ва расидан ба қадри мероси ниёгон, аз ҷумла ашъори Мавлоно Ҷомӣ ва дигар бузургони гузаштаву имрӯзаи халқамон, ки воқеан хазинаи бебаҳо ва ифтихори мо мебошанд, ташвиқу дилгарм созед ва завқи китобхониро дар қалби онҳо тарбия намоед».








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






