Э.Раҳмон: “Зиёин- нерӯи бунёдкори ҷомеа ”
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода). Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиён зимни суханронӣ таъкид намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин марҳалаҳои истиқлолият ба нерӯҳои ақлонии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ аз фикру андеша, хулосаҳои асосноки илмӣ ва донишу малакаи онҳо самаранок истифода менамояд.
Дарку тарғиб ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ муҳимтарин рисолати иҷтимоии зиёӣ дар марҳалаи рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро мавқеи маънавию шаҳрвандии зиёӣ, дар навбати аввал, аз муаррифии арзишҳои миллӣ ва ҳадафҳои ояндасози давлатӣ иборат мебошад.
Ҳадафи асосии зиёиён бояд эҷоди аслҳо ва ба вуҷуд овардани пояҳои ҷомеаи муосири рӯ ба рушд бошад.
“Яке аз омилҳои муҳими густариши андешаи миллӣ ташаккул додани мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва рӯҳияи ифтихор аз Ватан ва давлати соҳибихтиёр дар байни наврасону ҷавонон аст. Дар ин самт истифодаи васеъ аз зарфияти зеҳнии зиёиён бисёр муҳим аст, зеро маҳз шумо бо офаридани рамзҳои шахсиятсоз метавонед ба ин раванд мусоидат кунед”,-таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






