Э.Раҳмон: “Зиёин- нерӯи бунёдкори ҷомеа ”

Март 20, 2014 12:09

Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода). Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо зиёиён зимни суханронӣ таъкид намуд, ки  Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин марҳалаҳои истиқлолият ба нерӯҳои ақлонии мамлакат таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар ҳалли муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ аз фикру андеша, хулосаҳои асосноки илмӣ ва донишу малакаи онҳо самаранок истифода менамояд. 
Дарку тарғиб ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ муҳимтарин рисолати иҷтимоии зиёӣ дар марҳалаи рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро мавқеи маънавию шаҳрвандии зиёӣ, дар навбати аввал, аз муаррифии арзишҳои миллӣ ва ҳадафҳои ояндасози давлатӣ иборат мебошад. 
Ҳадафи асосии зиёиён бояд эҷоди аслҳо ва ба вуҷуд овардани пояҳои ҷомеаи муосири рӯ ба рушд бошад.
“Яке аз омилҳои муҳими густариши андешаи миллӣ ташаккул додани мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва рӯҳияи ифтихор аз Ватан ва давлати соҳибихтиёр дар байни наврасону ҷавонон аст. Дар ин самт истифодаи васеъ аз зарфияти зеҳнии зиёиён бисёр муҳим аст, зеро маҳз шумо бо офаридани рамзҳои шахсиятсоз метавонед ба ин раванд мусоидат кунед”,-таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон. 
 
 

Март 20, 2014 12:09

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд