Э. Раҳмон: “Зиёиён бояд барои дарки ҳадафҳои миллӣ омода бошанд”
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — “Дар замони кунунӣ, замони босуръати ҷаҳонишавӣ ва рушди бемисли илму техника нақши зиёиён беш аз пеш меафзояд ва моҳияти тоза касб менамояд”, — тазаккур дод 20 марти соли ҷорӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар мулоқот бо зиёиёни кишвар.
Ба ақидаи Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароит зиёиён ҳамчун нерўи бунёдкори ҷомеа бояд барои дарки ҳадафҳои миллӣ ва давлатдорӣ омода бошанд, мардумро ба шоҳроҳи бузург ва созанда ҳидоят намоянд, намунаи садоқат ва фидокорӣ ба Ватани аҷдодӣ бошанд.
“Ман ба ақидаи иддае аз равшанфикрон розӣ ҳастам, ки ба гуфти онҳо аҳли зиё бояд ҳамчун як қишри ҷомеа шакл гирад ва парчамбардори маънавиёт дар байни халқ бошад. Барои ин, пеш аз ҳама, зарур аст, ки зиёӣ бо тамоми ҳастӣ рисолат ва масъулияти хешро дар назди миллат ва гузаштаву имрўзаву фардои он дарк намояд. Танҳо дар ҳамин сурат зиёӣ воқеан виҷдон, номус, дардошнои ҷомеа ва чашми бедори миллат хоҳад буд”, — таъкид намуд Президенти кишвар.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






