Эълон гардидани Соли бузургдошти Ҷомӣ дар Наврӯз

Март 20, 2014 11:58

     Душанбе, 20.03.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ-яке аз нобиғаҳои бузурги олами шеъру адаби қарни ХV-и тоҷик эълон карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти анъанавӣ дар остонаи ҷашни байналмилалии Нарӯз бо зиёиёни кишвар,   ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, эълон намудани соли 2014- Соли бузургдошти Абдураҳмони Ҷомиро дар рӯзҳои наврӯзӣ падидаи фараҳбахш ва рамзи нек дар ҷомеаи адабпарвари тоҷикон арзёбӣ намуд.
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, яке аз  бузургтарин адиб, олим ва ориф дар таърихи тамаддуни тоҷикон ба шумор меравад, ки дар саддаи ХV ҳаёт ба сар бурдааст. Осори нотакрори шоири тавонои тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, маъруфияти вай ҳанӯз дар замони зиндагиаш берун аз марзи Хуросону Мовароуннаҳр ба сарзаминҳои Форс, Осиёи Хурд, Ироқ ва Ҳиндустон расида буд. 
 
 

Март 20, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад