Эълон гардидани Соли бузургдошти Ҷомӣ дар Наврӯз
Душанбе, 20.03.2014.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидзода).- Соли 2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли бузургдошти Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ-яке аз нобиғаҳои бузурги олами шеъру адаби қарни ХV-и тоҷик эълон карда шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоти анъанавӣ дар остонаи ҷашни байналмилалии Нарӯз бо зиёиёни кишвар, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, эълон намудани соли 2014- Соли бузургдошти Абдураҳмони Ҷомиро дар рӯзҳои наврӯзӣ падидаи фараҳбахш ва рамзи нек дар ҷомеаи адабпарвари тоҷикон арзёбӣ намуд.
Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ, яке аз бузургтарин адиб, олим ва ориф дар таърихи тамаддуни тоҷикон ба шумор меравад, ки дар саддаи ХV ҳаёт ба сар бурдааст. Осори нотакрори шоири тавонои тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, маъруфияти вай ҳанӯз дар замони зиндагиаш берун аз марзи Хуросону Мовароуннаҳр ба сарзаминҳои Форс, Осиёи Хурд, Ироқ ва Ҳиндустон расида буд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






