«Fanta»-ҳои ғайристандартӣ дар Тоҷикистон?
Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Баҳри татбиқи Қонунҳои амалкунандаи ҶТ “Дар бораи бехатарии маҳсулоти хўрокворӣ” ва “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва дар ин замина ҳимояи бозори истеъмолии мамлакат аз воридоти маҳсулоти пастсифату хатарнок мутахассисони Агентии “Тоҷикстандарт” дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳои муштарак аз аввали соли 2014 то имрӯз миқдори хеле калони маҳсулоти гуногуни муҳлати истеъмолашон гузаштаро дар ҳаҷми зиёда аз 200 тонна ошкор намуданд.
Аз “Тоҷикстандарт” ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки дар ин давра, аз ҷумла, дар асоси муроҷиати соҳибкор зимни гузаронидани санҷиш муайян гардид, ки дар анбори нигоҳдории маҳсулоти ҶДММ “Кристал казбеги” ба миқдори 4456 кг чойи хушк, ки аз Ҷумҳурии Гурҷистон ворид шуда буд, муҳлати истеъмолаш гузаштааст. Баъд аз гузаронидани ташхис маълум гардид, ки маҳсулоти мазкур ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ҷавобгў нест ва тибқи хулосаи комиссияе, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор ташкил шуда буд, ин миқдори маҳсулот ба таври сўзонидан нобуд карда шуд.
Инчунин дар анборхонаи ҶДММ “Соса Соlа-нўшокиҳои Тоҷикистон”, ки дар минтақаи саноатии ш.Хуҷанд ҷойгир аст, ба миқдори умумии 138 828 адад нӯшокии ташнашикан бо тамғаи “Fanta”, “Fanta-Limon” ва “Соса Соlа”-и муҳлати истеъмолашон гузашта ошкор ва аз муомилот гирифта шуда, бо иштироки комиссияи салоҳиятдор нобуд гардонда шуд.
Илова бар ин, чанде қабл дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, дар натиҷаи гузаронидани санҷиши муштарак 61 тонна қимаи гўшти мурғ, 570 кг маҳсулоти қаннодӣ, 3000 кг майонез, 800 кг равғани растанӣ ва зиёда аз 31 ҳазор адад нӯшокии ташнашикани “Соса Соlа”, 2080 дона оби ҷав, 175 адад хамираи помидор ва якчанд намуди дигари маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолашон гузашта ошкор ва аз муомилот гирифта шуд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам соҳибкороне ёфт мешаванд, ки бо амалҳои худ ба бемасъулиятӣ роҳ дода, талаботи қонунҳоро вайрон намуда, ҳуқуқи истеъмолкунандагонро поймол менамоянд.
Дар ҳолати ошкор намудани маҳсулоти пастсифат, муҳлати истифодааш гузашта ва бе сертификат истеъмолкунандагон метавонанд ба “Тоҷикстандарт” ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои худ тавассути телефонҳои боварии 2336869, 2341933 ва ба сомонаи агентӣ standard. tj муроҷиат намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






