Фаъолияти қонунии муҳоҷирони меҳнатӣ дар Адигей
Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Корманди Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР, ки дар Округи федералии ҷанубӣ сафари хидматӣ дорад, дар Ҷумҳурии Адигей якчанд вохӯриҳо анҷом дод.Дар ҷараёни вохӯрӣ дар шаҳраки Яблоновский бо гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ иборат аз 30 нафар маълум шуд, ки ҳамаи онҳо дар ташкилоти сохтмонии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Стройкомплекс» кор карда, аз шароити кор, будубош ва музди меҳнат қаноатманд.Корманди намояндагӣ дар ҷараёни вохӯрӣ муҳоҷирони меҳнатиро бо тағйироти қонунгузории муҳоҷиратӣ шинос намуд.Бо гурӯҳи дигари муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар ташкилоти пудратии Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Адмирал» ба сохтмони биноҳои серошёнаи шахсӣ машғуланд, чунин вохӯрӣ низ сурат гирифт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






