Фаъолияти нуқтаи бақайдгирии тестӣ дар Панҷакент
Панҷакент, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ). — Нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Панҷакент аз 1 марти соли ҷорӣ фаъол шудааст.
Раиси шаҳри Панҷакент Хисрави Абдуназар ва мудири шуъбаи маорифи шаҳр Аҳмадҷон Зарифов ҳангоми ифтитоҳи он довталабонро аз шаҳри Панҷакент, ноҳияи Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ бо ин рўзи фараҳбахш табрик намуда, иброз дошта буданд, ки ин марказ барои довталабони минта, аз ҷумла ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ хизмат мерасонад.
Муовини директори маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асоев оид ба афзалиятҳои Маркази миллии тестӣ, вазифаҳои асосии марказ, интихоби ихтисорҳо, гўшаҳои иттилоотӣ, забонҳои таҳсил, имтиҳонҳои умумӣ ва тахассусӣ, кластерҳо маълумот дода, изҳор дошт, ки Маркази миллии тестӣ бо технологияи муосир ҷиҳозонида шудааст.
Ректори Донишкадаи омўзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Муаззам Ансорӣ оид ба давраҳои асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, афзалиятҳои Маркази миллии тестӣ ибрози ақида намуд.
Сипас ба довталабон қоидаҳои низоми нави дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон фаҳмонида шуданд. Зикр шуд, ки бақайдгирии довталабон аз 1 март то 15 апрел идома меёбад. Пас аз шиносоӣ довталабон ҳуҷҷатҳояшонро аз рўи ихтисоси интихобкардаашон супориданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






