Фарзона дар меҳмонии донишҷӯён

Март 6, 2014 10:46

 
Душанбе, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона  дирӯз дар хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишҷӯёни ин хобгоҳ мулоқот намуд. Дар мулоқот донишҷӯён аз ашъори шоира шеърҳо қироат намуда, дар васфи Модар, Ватан, устод, Тоҷикистон сурудҳоро иҷро намуданд. 
Фарзона ба донишҷӯён доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодияш нақл намуда, зикр намуд, ки соли 1990 бо устод Лоиқ Шералӣ ва Озарахш меҳмони ҳамин хобгоҳи донишҷӯён буд ва аз он айём то ҳол таассуроти неку хотирмон дар ёд дорад. Инчунин Шоираи халқӣ намунаҳоро аз ашъори худ ба донишҷӯён қироат намуда, қаноатмандӣ ва болидарӯҳии худро аз ин мулоқот бори дигар изҳор дошт. Тавре ки аз маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд дар мулоқот намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати донишгоҳ сухан гуфтанд.
 
 

Март 6, 2014 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад