Фарзона дар меҳмонии донишҷӯён
Душанбе, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона дирӯз дар хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо донишҷӯёни ин хобгоҳ мулоқот намуд. Дар мулоқот донишҷӯён аз ашъори шоира шеърҳо қироат намуда, дар васфи Модар, Ватан, устод, Тоҷикистон сурудҳоро иҷро намуданд.
Фарзона ба донишҷӯён доир ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодияш нақл намуда, зикр намуд, ки соли 1990 бо устод Лоиқ Шералӣ ва Озарахш меҳмони ҳамин хобгоҳи донишҷӯён буд ва аз он айём то ҳол таассуроти неку хотирмон дар ёд дорад. Инчунин Шоираи халқӣ намунаҳоро аз ашъори худ ба донишҷӯён қироат намуда, қаноатмандӣ ва болидарӯҳии худро аз ин мулоқот бори дигар изҳор дошт. Тавре ки аз маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд дар мулоқот намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва Раёсати донишгоҳ сухан гуфтанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






