Форуми экологони наврас
Хоруғ, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳри Хоруғ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз Форуми экологони наврасро баргузор намуд. Дар озмуни мазкур толибилмони бисёр мактабҳои вилоят ширкат доштанд ва байни ҳам аз рӯи шартҳои ҷолиб, ба монанди гуногунии экологии Тоҷикистон, инсон ва муҳити атрофи он, захираҳои табиии кишвар, тағйирёбии иқлим рақобат намуданд. Толибилмон истеъдоду малакаи худро тавассути расмҳову наворҳои видеоӣ нишон доданд. Ҳалима Довутова, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ гуфт, ки онҳо чунин озмунҳоро бо мақсади боло бурдани завқи зебоипарастии кӯдакону наврасон ва муносибати дилсӯзона ба табиат роҳандозӣ менамоянд.
Ҳадафи дигари Форуми экологони наврас ҷалби диққати мактаббачагон ба корҳои тадқиқотӣ ва муҳофизати табиат, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии наврасон оид ба фанҳои табиатшиносӣ ва ба мактаббачагон омӯзондани табиати диёр, ғанӣ гардонии ҷаҳони маънавии онҳо мебошад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






