Форуми экологони наврас

Март 6, 2014 11:18

Хоруғ, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Маркази эҷодии кӯдакон ва  наврасони шаҳри Хоруғ бахшида ба иди байналмилалии  Наврӯз Форуми экологони наврасро  баргузор намуд.      Дар озмуни  мазкур толибилмони бисёр мактабҳои вилоят ширкат доштанд ва байни ҳам аз рӯи шартҳои ҷолиб, ба монанди гуногунии экологии Тоҷикистон, инсон ва муҳити атрофи он, захираҳои табиии кишвар, тағйирёбии иқлим рақобат намуданд. Толибилмон  истеъдоду малакаи худро  тавассути  расмҳову наворҳои видеоӣ нишон доданд.  Ҳалима Довутова, ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявӣ гуфт, ки онҳо чунин озмунҳоро бо мақсади боло бурдани завқи зебоипарастии кӯдакону наврасон ва муносибати дилсӯзона ба табиат роҳандозӣ менамоянд.  
Ҳадафи  дигари Форуми  экологони наврас  ҷалби  диққати мактаббачагон ба корҳои тадқиқотӣ ва муҳофизати табиат, баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявӣ ва амалии наврасон оид ба фанҳои табиатшиносӣ ва ба мактаббачагон омӯзондани табиати диёр, ғанӣ гардонии  ҷаҳони маънавии онҳо  мебошад.

Март 6, 2014 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш