«Фуруғи Ориёно”- озмун бахшида ба Рӯзи Модар

Март 5, 2014 15:35

Душанбе, 05.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-“Фуруғи Ориёно”- бо чунин ном бахшида ба Рӯзи модар дар мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт озмун миёни хонандагон ва фаъолдухтарони муассисаҳои таълимӣ ҷараён дорад.
Озмуни мазкур дирӯз дар миёни хонандагони се мактаби миёнаи пойтахт- мактаби таҳсилоти ҳамагонии №60, дастаҳои “Соҳибхирад”-и мактаби №91 ва “Заковатманд”-и мактаби №38-и ноҳияи Сино  доир гардид ва дар он дастаи  “Соҳибхирад”-и мактаби №91 ғолиб баромад.
Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, озмун аз рӯи 4 шарт доир шуда, саволу ҷавоб доир ба мавзӯъҳои Ватан, Модар, ҳуқуқу озодиҳои зан  ва асноди меъёрию ҳуқуқии  соҳаи ҷавонон сурат мегирад.
Ғолибони чорабинӣ бо туҳфаву ифтихорномахои кумита қадрдонӣ мегарданд.
 
 

Март 5, 2014 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш