Гӯштини миллӣ байни афсарону сарбозон
Душанбе, 24.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи фармони Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои Клуби марказии варзишии артиши Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2014 ва дар рӯзҳои иди Наврӯз дар Маҷмааи варзишии «Варзишгоҳи солимгардонӣ» (ФОК)-и шаҳри Душанбе мусобиқаи гӯштини миллӣ байни хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбии гарнизони Душанбе ва Хатлон гузаронида шуд.Тавре ки аз хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа хабар доданд, мусобиқа бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди Наврӯз ба роҳ монда шуд. Ин гуна мусобиқот метавонанд рӯҳияи афсарону сарбозонро дар риштаи варзиш боз ҳам баланд бардоранд. Дар рӯзҳои наврӯзӣ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи гӯштини миллӣ ҷараён дошта, назорати ҷараёни онро сардори Клуби марказии варзишии артиш бар уҳда дошт. Ғолибони даври ҷамъбастии мусобиқа бо туҳфаҳои хотиравӣ мукофотонида шуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






