Гуфтори Собир Аъзам дар бораи дастовардҳои кишвар
Душанбе, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 13 март Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезаҳо бахшида ба сафари ҳамоҳангсози минтақавӣ оид ба Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон Собир Аъзам барои журналистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад. Раёсати зикршудаи СММ перомуни фаъолияташ дар сатҳи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ гузориш медиҳад.Иштирокдорони нишасти матбуотӣ ҳамчунин масоили марбут ба фаъолият ҷиҳати дастгирии гурезаҳо, ашхоси бетабаият ва чорабиниҳо барои рафъи ҳолатҳои фавқулоддаро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.Дар нишасти матбуотӣ намояндаи Раёсати Комиссари олии СММ оид ба умури гурезаҳо дар Тоҷикистон Хосе Еуседа, мушовири миллӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Парвина Мунавварова ва мушовири миллӣ оид ба робита бо ва ҷамъият Жанна Досова иштирок менамоянд.Нишасти матбуотӣ дар бинои Барномаи рушди СММ баргузор мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






