Гулҳо- пайки баҳору Наврӯз

Март 15, 2014 10:05

 
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз бо ташаббуси факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар саҳни донишгоҳ намоиши «Базми гулҳо» доир гардид. Дар ҳамоиш навъҳои мухталифи гул манзури тамошогарон шуд.
Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, ректор Абдуҷаббор Раҳмонов иқдоми садорати факултаи биологияро боиси таҳсин ва дастгирӣ арзёбӣ карда, зикр намуд, ки ин гуна чорабиниҳо метавонанд завқи баланд  ва зебоипарастии донишҷӯёнро бедор намоянд. Дигар факултаҳоро низ мебояд, ки чунин чорабиниҳои фарҳангию тарбиявиро бештар баргузор кунанд.
Инчунин  як гурӯҳ толибилмон дар мавзӯи баҳору Наврӯз шеърҳо қироат карданд. Дар идома барномаи консертии омоданамудаи муҳассилини факултаи биология пешкаши ҳозирин гардид, ки ҷолиб ва диданӣ буд. 
 
 
 
 

Март 15, 2014 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе