Гулҳо- пайки баҳору Наврӯз
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз бо ташаббуси факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар саҳни донишгоҳ намоиши «Базми гулҳо» доир гардид. Дар ҳамоиш навъҳои мухталифи гул манзури тамошогарон шуд.
Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, ректор Абдуҷаббор Раҳмонов иқдоми садорати факултаи биологияро боиси таҳсин ва дастгирӣ арзёбӣ карда, зикр намуд, ки ин гуна чорабиниҳо метавонанд завқи баланд ва зебоипарастии донишҷӯёнро бедор намоянд. Дигар факултаҳоро низ мебояд, ки чунин чорабиниҳои фарҳангию тарбиявиро бештар баргузор кунанд.
Инчунин як гурӯҳ толибилмон дар мавзӯи баҳору Наврӯз шеърҳо қироат карданд. Дар идома барномаи консертии омоданамудаи муҳассилини факултаи биология пешкаши ҳозирин гардид, ки ҷолиб ва диданӣ буд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






