Густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамзабон
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 15 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дидор намуд. Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои байни ду кишвар мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифтанд. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории дуҷониба, омодагӣ ва рағбати худро ба густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетикиву нақлиётӣ, фарҳангиву омӯзишӣ ва амниятӣ таъкид намуданд.Инчунин вазирони корҳои хориҷии ду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода, мардуми кишварҳои ҳамдигарро бо фаро расидани ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






