Густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвари ҳамзабон

Март 17, 2014 09:02

Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 15 марти соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф дидор намуд. Дар мулоқоти мазкур масъалаҳои авлавиятноки муносибатҳои байни ду кишвар мавриди баҳс ва табодули назар қарор гирифтанд. Ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва муҳтавои ҳамкории дуҷониба, омодагӣ ва рағбати худро ба густариш ва таҳкими бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетикиву нақлиётӣ, фарҳангиву омӯзишӣ ва амниятӣ таъкид намуданд.Инчунин вазирони корҳои хориҷии ду кишвар роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода, мардуми кишварҳои ҳамдигарро бо фаро расидани ҷашни Наврӯз муборакбод гуфтанд.

Март 17, 2014 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш