Гузашти гумрук ва «Тоҷикстандарт» ба соҳибкорон
Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Моҳи феврали соли равон «Тартиби ба ҳудуди гумруки ҶТ овардани маҳсулоти ҳатман сертификатсияшаванда» ҷорӣ гардид, ки мувофиқи он амволи воридотӣ метавонад бидуни пешниҳоди сертификати мувофиқат аз сарҳад гузарад.
«Мувофиқи Кодекси Гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои марбут ба расмияти гумрукӣ баъди пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор сурат мегиранд, ки сертификати мутобиқат ба онҳо шомил аст. Моҳи феврали соли ҷорӣ тасмим гирифта шуд, ки ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои гумрукӣ дар марҳалаи аввал метавонад, бидуни пешниҳоди сертификати мутобиқат сурат гирад», — гуфт зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини раиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати ҶТ «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбонов.
Мувофиқи суханони Ибодулло Қурбонов, мақсад аз ин чорабинӣ осон гардонидани тартиби ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои гумрукӣ, ҳалли масъалаи бозисти амвол дар сарҳад, ҳамчунин беҳдошти тартиби тафтиши амвол мутобиқи талабҳои дахлдори Стандарти давлатӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






