Хатнатӯй дар рӯзи Наврӯз
Хоруғ, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар рӯзҳои ҷашни бостонии Наврӯз дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони шаҳр хатнатӯи 35 кӯдак аз оилаҳои камбизоатро дар тарабхонаи «Шуғнон» баргузор карданд.
Дар хатнатӯй раиси шаҳр Фаромӯз Имомбердиев ширкат дошт ва кӯдакону волидони онҳоро бо Наврӯз табрик карда гуфт, ки некию накӯкорӣ, раҳму шафқат бар бечорагону корафтодагон аз қадим бар халқи тоҷик хос будааст.
Нисо Хушқадамова, як тан аз волидони ин кӯдакон аз дастгириҳои пайвастаи ҳукумати мамлакат изҳори сипос карда гуфт, ки чунин тадбирҳо бори дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлати мо воқеан як давлати иҷтимоист ва робитаи он бо шаҳрвандонаш рӯз аз рӯз таҳкиму густариш меёбад.
Масъулини бахши танзими анъана ва расму суннатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, ки дар ҳудуди вилоят хатнатӯи бештар аз 80 нафар кӯдак аз хонаводаҳои ниёзманд баргузор гардид.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






