Хонандаи синфи 11-ро кӣ ба қатл расонид?

Март 14, 2014 09:26

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Санаи 8-уми марти соли ҷорӣ ҷасади шаҳрванд Раҳимова Умеда Иномовнаи 19- сола, сокини шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11-уми мактаби миёна бо аломатҳои марги маҷбурӣ- бо расонидани 17 ҷароҳати халандаю буранда дар қафаси синааш дар хонаи истиқоматиашон дарёфт шуд.Ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар куштор шаҳрвандон Амиршоев Самандар Султонбекович, соли таваллудаш 1989 ва Абдуғаффоров Саъдӣ Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1990, сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуданд.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.Дар ин бора дар сомонаи расмии ВКД кишвар иттилоъ додаанд.

Март 14, 2014 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш