Иқдоми «Амонатбонк» барои занҳои ҳунарманд
Душанбе, 6.03.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» (БДА ҶТ) бахшида ба Рӯзи Модар иқдоми идонаро барои занҳои ҳунарманд ҷорӣ карда, қарзҳои хурдро пешниҳод намудааст.
Тавре ки дар ин бора аз БДАҶТ «АМонатбонк» хабар доданд, иқдоми мазкур ҷиҳати эҳё намудани анъанаҳои миллӣ ва рушди минбаъдаи ҳунарҳои мардумӣ, аз зумраи зардӯзӣ, гулдӯзӣ, ҷомадӯзӣ, ҷӯроббофӣ ва ғайра, ки занҳо онро дар хона низ ба анҷом расонида метавонанд, ҷудо намудани қарзҳои хурди имтиёзноки бонкиро барои занҳои хонанишини ҳунарманд ба роҳ мондааст.
Гуфта мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд ҷиҳати дастрасӣ ба иқдоми мазкур ба наздиктарин филиали «Амонатбонк» муроҷиат намоянд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






