Идораи стратегии донишгоҳҳо

Март 11, 2014 13:31

Душанбе, 11.03.2014 (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар доираи барномаи TEMPUS ва лоиҳаи «Институти идоракунии стратегии донишгоҳҳо» дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз 5 то 12 марти соли 2014 тренинги омӯзишӣ дар мавзӯи «Идоракунии стратегии донишгоҳҳо» ҷараён дорад. Он барои роҳбарони воломақоми макотиби олӣ роҳандозӣ гардидааст. Тавре ки аз Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар кори тренинг муовини ректор оид ба равобити байналмилалӣ Баҳром Сафаров иброз дошт, ки тренинги мазкур дар доираи барномаи TEMPUS роҳандозӣ шудааст ва он аз соли 2010 инҷониб амал мекунад. Бояд гуфт, ки ин тренинг барои муайян намудани методикаи идора дар донишкада гузаронида мешавад.Дар тренинги омӯзишӣ оид ба мавзӯъҳои гуногун маърӯзаҳо баён гардиданд.Бояд гуфт, ки тренинги мазкур боз як қадаме барои беҳтар гардонидани идора ва сифати таълим дар донишкада мебошад.

Март 11, 2014 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш