Ифтитоҳи боғи нави Наврӯзгоҳ дар шаҳри Душанбе

Март 19, 2014 20:45

Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Бегоҳии рӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе боғи нави Наврӯзгоҳ, ки дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст, мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт.Тавре аён гардид, боғи Наврӯзгоҳ дар миёни Қасри миллат ва майдони Наврӯзгоҳи пойтахт қарор гирифта, дар баробари Боғи Рӯдакӣ, боғу гулгаштҳои назди Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони давлатии Тоҷикистон ба маркази шаҳри Душанбе ҳусну намои тоза зам кардааст.Дарахтони зебою нодири боҳашамати ороишию сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз ороишоти асосии ин боғи биҳиштосо ба шумор меравад.Аз ороишоти асосии дигари боғи навбунёди Наврӯзгоҳ шаршараи боҳашамат ва фаввораҳои назди он аст, ки бо пахши тугма аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кор дароварда шуданд. Тавре аён гардид ин шаршараи бошукӯҳ, ки баландиаш 22 метр аст ва ҳам фаввораҳои сершумори Наврӯзгоҳ шабонгоҳон бо рангҳои гуногун ҷило медиҳанд.Дар боғи Наврӯзгоҳ имрӯз, ҳамчунин майдончаи бозию дилхушии кӯдакон мавриди истифода қарор гирифт, ки дорои атраксионҳои гуногун аст.Дар гӯшаҳои гуногуни боғи Наврӯзгоҳ, ҳамчунин як тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи яхмос бо 40 ҷойи нишаст, ошхона бо 20 ҷой ва чойхона бо 60 ҷойи нишаст бунёд ёфтаанд.Месазад таъкид намуд, ки аксари кулли ороишу зебоиҳои боғи Наврӯзгоҳ маҳсули ғояҳои ободонию созандагӣ, зебоидӯстӣ ва салиқаи баланди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.Умуман ин боғи Наврӯзгоҳ боз як макони зебою дилоро барои сайру тамошо ва истироҳату фароғат аст, ки ба сокинону меҳмонони соҳибзавқи пойтахт пешкаш гардид.Ифтитоҳи расмии боғи Наврӯзгоҳ бо намоиши барномаҳои зебои фарҳангӣ басо фораму дилнишин ва хотирмон ҷараён гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Март 19, 2014 20:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!