Ифтитоҳи дубораи «Саховат»
Душанбе, 15.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Баъд аз ҳодисаи сӯхтор, ки 12 январи соли 2014 шабона дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб- «Саховат» рух дод, Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» фавран ситоди бартараф намудани оқибатҳои ин фоҷиаро ташкил намуд, ки ба он раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев сарварӣ мекард. Дар як муддати кӯтоҳ, ҳамагӣ дар ду моҳ бо ҷидду ҷаҳди «Тоҷикматлубот» бозори мазкур дар шакли наву замонавӣ пурра аз нав бунёд ва ба истифода дода шуд. Бо қарори махсуси Раёсат аксари сохторҳои тобеи соҳа ба ин кор ҷалб гардиданд. Дар бартараф намудани оқибатҳои ин фоҷиа ва бунёди бозори нав иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд ва ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба кӯмаки матлуботчиёни вилояти Хатлон шитофта, вазифаи дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро намуданд. Пас аз 60 рӯзи сӯхтор, ки бозор пурра сӯхта буд, рӯзи 12 марти соли 2014 маросими ботантанаи кушодашавии бозор баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Намояндагони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев, намояндагони мақомоти роҳбарикунандаи вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ширкат варзиданд. Раиси вилояти Хатлон Д. Гулмаҳмадов гуфт, ки Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бозори пурра ба нестӣ рафтаро дар кӯтоҳтарин муддат бо ҳамдастии матлуботчиёни саросари кишвар беш аз пеш беҳтар ба истифода дод. Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Сироҷиддин Валиев ба ғолибони мусобиқаи эълоншуда, баҳри сари вақт ва хушсифат анҷом додани корҳои таъмиру сохтмон мукофотҳои тасдиқнамудаи Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлуботро супорид.Мукофоти якум ба Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд – раиси раёсат Яқубҷон Игамбердиев як адад мошини сабукрав, мукофоти дуюм ба ҷамъияти матлуботи шаҳри Турсунзода – раиси раёсат Маҳмадносир Замонов ба малағи 10 ҳазор сомонӣ ва ду мукофоти сеюм ҳар кадом ба маблағи 5 ҳазорӣ ба ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рӯдакӣ – раиси раёсат Зикрулло Саидов ва бозори марказии ноҳияи Ҷиликӯл – директори бозор Баҳром Шеров супорида шуд.Ҳамчунин ба чанд нафар роҳбарони ҷамъиятҳои матлубот, ташкилотҳои тобеи соҳа ва коргарону сохтмончиёни дар ин иншооти дӯстӣ саҳмгузор унвонҳои Корманди шоистаи кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ва Аълочии кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ифтихорномаҳои Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлуботро ба таври тантанавӣ супорида шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






