Ифтитоҳи Маркази забономӯзӣ
Душанбе, 18.03.2014.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-18 март дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Маркази забон, фарҳанг ва таърихи рус мавриди истифода қарор гирифт. Тавре ки котиби матбуоти донишгоҳ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар расми ифтитоҳи маркази мазкур сардори раёсати илм ва маорифи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Аҳмадҷон Мирсаидов, муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Томски Федератсияи Русия Константин Осетрин ва роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон Владислав Курнушко ширкат варзиданд.Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов пиромуни равобити ҳамкории дуҷониба бо Донишгоҳи омӯзгории Томск, дар хусуси аҳамияти донистани забони русӣ сухан ронда, таъкид дошт, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд озодона бо ин забон суҳбат намояд. А.Раҳмонов омӯзиши забони русиро барои ашхосе, ки ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ниҳоят ҳатмӣ арзёбӣ кард. Дар марказе, ки алъон ифтитоҳ гардид, имконоти васеи азхуд намудани забони русӣ фароҳаманд. Аз ин рӯ, хоҳишмандон метавонанд, ки аз технологияи омӯзишии марказ ба таври ҳамешагӣ истифода намоянд.Дар идомаи ҷамъомад меҳмонон таъсиси чунин як маркази забономӯзиро нек истиқол намуда, зикр карданд, ки дар ҷодаи омӯзиши забони русӣ агар мушкиле пеш ояд, онҳо ҳатман кумак мекунанд. Ҳамзамон таъкид шуд, ки роҳбарияти ду мактаби олии омӯзгориро, ки яке Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва дигар Донишгоҳи омӯзгории Томск мебошад, зарур аст, ки робитаи ҳамкориро дар самти табодули донишҷӯён боз ҳам тақвият бахшанд.Инчунин гуфта шуд, ки Донишгоҳи омӯзгории Томск аз рӯи мартаба баъд аз донишгоҳҳои Маскаву Петербург дар Русия дар ҷои сеюм қарор дорад ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар ин маърифатгоҳ судманд хоҳад буд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






