Ифтитоҳи озмоишгоҳи нав кафили бехатарии маҳсулот
Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба анҷом додани корҳои ташкилӣ ҷиҳати ба тариқи расмӣ кушодани гузаргоҳи сарҳади давлатии «Хумроғӣ» дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутобиқи банди 5-и Низомномаи тартиби амалигардонии тиҷорати наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуқтаи тиҷорати наздисарҳадии «Хумроғӣ» назорати дахлдор ташкил шуд.Дар баробари вазорату идораҳои дахлдор аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» низ дар ин нуқта озмоишгоҳи ташхисӣ таъсис дода шуд.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Агентии Тоҷикстандарт иттилоъ доданд, озмоишгоҳи мазкур бо таҷҳизоти замонавии ташхисӣ ҷиҳозонида шуда, дар пешбурди кори он мутахассисони касбӣ ҷалб шуданд. Ҳамзамон дар фаъолияти озмоишгоҳ усулҳои муосири ташхис ба роҳ монда мешаванд.Дар суҳбат бо мо, мудири шуъбаи баҳодиҳии мутобиқати Раёсати дар ВМКБ фаъолиятдоштаи агентӣ Ф.Лалоенов зикр намуд, ки бо дастгирии роҳбарият ин озмоишгоҳи навтаъсис бо мизу курсиҳо, таҷҳизоти компютерӣ, намудҳои гуногуни дастгоҳҳо ва асбобҳои ташхисии зарурӣ таъмин гардид, то ин ки барои фаъолияти мутахассисон ва гузаронидани ташхисҳои босифат монеае ҷой надошта бошад. Агентии «Тоҷикстандарт» барои дар сатҳи баланд фаъолият намудани озмоишгоҳҳо ва дар ин замина ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти маҳсулоти пастсифату ба саломатӣ хатарнок мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






