Иншоотҳои нави Суғд
Хуҷанд, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- 19 март дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар маросими ба истифода додани иншоотҳо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ширкат дошт.Мувофиқи хабари маъмурияти шаҳри Исфара, кормандони корхонаи «Химзавод» — и шаҳр бинои панҷошёнаи истиқоматии дорои 30 ҳуҷраро ба истифода доданд. Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷараёни сафараш ба шаҳри Исфара ба деҳқонон ду ҳазор сертификатро барои истифодаи замин супурда, дар маросимҳои ба кор андохтани шаш иншооти коркарди меваи хушк, маркази ташхиси инфиродӣ, ҳамчунин маркази тиҷоратию дилхушии деҳаи Чилғозӣ иштирок намуд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






