Иртиботи телевизионӣ: ӯҳдадориҳои Тоҷикистон баъди воридшавӣ ба СУС

Март 14, 2014 11:58

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- Бо  ибтикори дафтари САҲА дар  Тоҷикистон якҷоя  бо Вазорати  рушди иқтисод  ва  савдои  Тоҷикистон 18 ва  19  март дар  шаҳри  Душанбе конфронс дар  мавзӯи «Хидматрасонии  иртиботи  телевизионӣ ва ӯҳдадориҳои  Тоҷикистон  баъди  воридшавӣ  ба Созмони  Умумиҷаҳонии Савдо» баргузор  мегардад. 
 
Дар  конфронс коршиносони дохилию байналмилалӣ мавзӯъҳои онро аз  диди  худ муаррифӣ менамоянд. Дар  ҷараёни  ин  чорабинӣ ҳамчунин масоили марбут ба хидматрасониҳои  иртиботи  телевизионӣ ва ӯҳдадориҳои  Тоҷикистон баъди пайвастан ба Созмони  Умумиҷаҳонии  Савдо  мавриди муҳокима  қарор  мегиранд.
 
Дар  кори  конфронс роҳбари дафтари  САҲА дар  Тоҷикистон Сафир  Маркус Мюллер, муовини  вазири  рушди  иқтисод ва  савдои  ҶТ  Саидраҳмон  Назриев иштирок намуда,  раиси Иттиҳодияи хидматрасонии интернетии коршиносони  Тоҷикистон  Асомиддин Атоев  ва директори  иҷроияи Ҷамъияти кушодаи «Хома» Шаҳло  Акобирова, ҳамчунин  директори  генералии «Телерадиоком»- и Кумитаи  телевизион ва радиои  назди Ҳукумати  Тоҷикистон  Сӯҳроб  Алиев суханронӣ  мекунанд. 

Март 14, 2014 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе