Иртиботи телевизионӣ: ӯҳдадориҳои Тоҷикистон баъди воридшавӣ ба СУС
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Бо ибтикори дафтари САҲА дар Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон 18 ва 19 март дар шаҳри Душанбе конфронс дар мавзӯи «Хидматрасонии иртиботи телевизионӣ ва ӯҳдадориҳои Тоҷикистон баъди воридшавӣ ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо» баргузор мегардад.
Дар конфронс коршиносони дохилию байналмилалӣ мавзӯъҳои онро аз диди худ муаррифӣ менамоянд. Дар ҷараёни ин чорабинӣ ҳамчунин масоили марбут ба хидматрасониҳои иртиботи телевизионӣ ва ӯҳдадориҳои Тоҷикистон баъди пайвастан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Дар кори конфронс роҳбари дафтари САҲА дар Тоҷикистон Сафир Маркус Мюллер, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев иштирок намуда, раиси Иттиҳодияи хидматрасонии интернетии коршиносони Тоҷикистон Асомиддин Атоев ва директори иҷроияи Ҷамъияти кушодаи «Хома» Шаҳло Акобирова, ҳамчунин директори генералии «Телерадиоком»- и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон Сӯҳроб Алиев суханронӣ мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






