Иштироки корхонаҳои нассоҷӣ дар «Интертекстайл Шанхай-2014»
Душанбе, 04.03.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- 3-юми март дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин намоишгоҳи матоъ ва тавлидоти нассоҷии мавсум ба «Интертекстайл Шанхай-2014» оғоз ёфт, ки Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ намояндагони нуҳ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар, ду донишгоҳ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав муаррифӣ мекунанд.
Тавре ки дар ин бора аз Маркази байналмилалии тиҷорат хабар доданд, дар Чин, ки бузургтарин истеҳсолкунандаву содиркунандаи либос ва маҳсулоти дигари нассоҷӣ дар ҷаҳон мебошад, ин қабил намоишгоҳ ҳамасола таҳти чунин ном гузаронида мешавад. Дар ин намоишгоҳ ҳайати Тоҷикистонро гурӯҳи мутахассисони МБТ роҳбаладӣ мекунад. Дар он ширкатҳои маъруф маҳсулоти худро, чун намудҳои гаронбаҳои матоъ, ба мисли кашмирӣ ва абрешим, то ба матоъҳои пахтагин ва аз ҷинс, маҳсулоти лозимӣ барои нассоҷӣ, монанди нах ва ришта, лавозимоте, ба монанди навъҳои гуногуни тугмаву занҷирак ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд.
Намоишгоҳ то 9-уми марти соли равон идома хоҳад кард.
Дар назар аст, ки ҳангоми иштирок дар намоишгоҳи мазкур ҳайати Тоҷикистон аз бозорҳои яклухтфурӯшӣ ва корхонаҳои нассоҷии Шанхай, ҳамчунин, аз шаҳраки нассоҷии Кеҷао ҶМЧ дидан хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






