Иштироки корхонаҳои нассоҷӣ дар «Интертекстайл Шанхай-2014»

Март 4, 2014 09:11

Душанбе, 04.03.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- 3-юми март  дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии мардумии Чин намоишгоҳи матоъ ва тавлидоти нассоҷии мавсум ба «Интертекстайл Шанхай-2014» оғоз ёфт, ки Тоҷикистонро дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ  намояндагони нуҳ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар, ду донишгоҳ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав муаррифӣ мекунанд.
Тавре ки дар ин бора аз Маркази байналмилалии тиҷорат хабар доданд, дар Чин, ки бузургтарин истеҳсолкунандаву содиркунандаи либос ва маҳсулоти дигари нассоҷӣ дар ҷаҳон мебошад, ин қабил намоишгоҳ ҳамасола таҳти чунин ном гузаронида мешавад. Дар ин намоишгоҳ ҳайати Тоҷикистонро гурӯҳи мутахассисони МБТ роҳбаладӣ мекунад. Дар он ширкатҳои маъруф маҳсулоти худро, чун намудҳои гаронбаҳои матоъ, ба мисли кашмирӣ ва абрешим, то ба матоъҳои пахтагин ва аз ҷинс, маҳсулоти лозимӣ барои нассоҷӣ, монанди нах ва ришта, лавозимоте, ба монанди навъҳои гуногуни тугмаву занҷирак ва ғайраро ба маърази тамошо мегузоранд.
Намоишгоҳ то 9-уми марти соли равон идома хоҳад кард.
Дар назар аст, ки ҳангоми иштирок дар намоишгоҳи мазкур ҳайати Тоҷикистон  аз бозорҳои яклухтфурӯшӣ ва корхонаҳои нассоҷии Шанхай, ҳамчунин, аз шаҳраки нассоҷии Кеҷао ҶМЧ дидан хоҳанд кард.
 
 

Март 4, 2014 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд