Истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ
Душанбе, 10.03.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Чанде пеш дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Зарурияти таҳияи дастурамалҳо, роҳнамову тартибҳо дар бахши ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Дар мизи мудаввар зикр шуд, ки: «Вобаста ба пешрафту тараққиёти соҳаҳои иқтисодиёт, воридоти техникаю технологияҳои нав ба ҷумҳурӣ, таъсироти фаъолияти гуногуни хоҷагидорӣ ба муҳити зист, даровардани тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қонунҳо, риояи талаботи стандартҳои соҳавӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, имзо кардан ва шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаву конвентсияҳо, созмонҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии Савдо кумита тасмим гирифтааст, ки тибқи нақшаи фаъолияти худ чорабиниҳо гузаронида, баҳри иҷрои онҳо якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор, донишгоҳҳо ва марказҳои илмию-тадқиқотӣ ҳамкориро ривоҷ диҳад”.
Кумита қарор додааст, ки пеш аз ҳама ба масъалаи таҳияи дастурамалҳо, тартибҳо, роҳнамоҳо дар бахши ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ диққати ҷиддӣ диҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






