Истироҳати шашрӯза дар Наврӯз

Март 18, 2014 10:05

Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).—Имсол  ба шарафи иди Наврӯз  дар Тоҷикистон шаш рӯз истироҳат эълон гаштааст.
Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба мо иттилоъ доданд,  аз 21 то 26 март рӯзҳои истироҳатӣ мебошанд. Тибқи қонун дар иди Наврӯз аз 21 то 24 март, яъне чор рӯз рӯзҳои истироҳатӣ қабул шудаанд, вале имсол аз сабаби он ки  рӯзҳои 22 ва 23 март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост омаданд, 25 ва 26 март низ рӯзҳои истироҳатӣ хоҳанд буд. 
Корхонаҳое, ки дар як ҳафта панҷ рӯзи корӣ доранд, имсол шаш рӯз ва корхонаҳое, ки дар як ҳафта шаш рӯзи корӣ доранд, панҷ рӯз истироҳат хоҳанд кард.   
 

Март 18, 2014 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад