Истироҳати шашрӯза дар Наврӯз
Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).—Имсол ба шарафи иди Наврӯз дар Тоҷикистон шаш рӯз истироҳат эълон гаштааст.
Тавре ки аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба мо иттилоъ доданд, аз 21 то 26 март рӯзҳои истироҳатӣ мебошанд. Тибқи қонун дар иди Наврӯз аз 21 то 24 март, яъне чор рӯз рӯзҳои истироҳатӣ қабул шудаанд, вале имсол аз сабаби он ки рӯзҳои 22 ва 23 март ба рӯзҳои шанбе ва якшанбе рост омаданд, 25 ва 26 март низ рӯзҳои истироҳатӣ хоҳанд буд.
Корхонаҳое, ки дар як ҳафта панҷ рӯзи корӣ доранд, имсол шаш рӯз ва корхонаҳое, ки дар як ҳафта шаш рӯзи корӣ доранд, панҷ рӯз истироҳат хоҳанд кард.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






