Изҳороти Қӯшунҳои сарҳадӣ: мубориза тақвият меёбад

Март 17, 2014 14:43

Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар саҳифаҳои интернетӣ санаи 15.03.2014 хабар дар мавзӯи «Ду моҳигири афғон дар марз бо Тоҷикистон кушта шуданд» паҳн шуда буд. Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ изҳор менамоянд, ки дар асл воқеа чунин аст: 12 марти соли равон дар минтақаи сарҳадии Кокули ноҳияи Ҳамадонӣ, хизматчиёни Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пешбурди вазифаи хизматӣ кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд, ки дар натиҷа байни сарҳадбонон ва қочоқбарон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар ҷараёни задухӯрд ду нафар аз қочоқбарон ба ҳалокат расида, 2 нафари дигарашон ба самти Афғонистон фирор намуданд. Мавриди зикр аст, ки маҳз дар ҳамин минтақа 21 феврали соли ҷорӣ як гурӯҳи қочоқбар аз марзи Афғонистон вориди Тоҷикистон гардида, ҳангоми бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шудан, ҷониби онҳо аз яроқи оташфишон тир холӣ намуд, ки дар натиҷа як нафар сарбози мақомоти Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруфов Сироҷиддин Абдусаломович, соли таваллудаш 1994, аз захми тир дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Оид ба ин масъала дар ҳамкорӣ бо сарҳадбонони Пулиси сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вохӯрии дуҷониба гузаронида шуда, ҷонибҳо масъалаи мазкурро муҳокима намуда, ба хулоса омаданд, ки ҳамкориро дар самти пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо гӯруҳҳои ҷиноятпеша дар якҷоягӣ боз ҳам мустаҳкам намоянд. Дар ин бора аз Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд.

Март 17, 2014 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе