Изҳороти Қӯшунҳои сарҳадӣ: мубориза тақвият меёбад
Душанбе, 17.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар саҳифаҳои интернетӣ санаи 15.03.2014 хабар дар мавзӯи «Ду моҳигири афғон дар марз бо Тоҷикистон кушта шуданд» паҳн шуда буд. Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ изҳор менамоянд, ки дар асл воқеа чунин аст: 12 марти соли равон дар минтақаи сарҳадии Кокули ноҳияи Ҳамадонӣ, хизматчиёни Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми пешбурди вазифаи хизматӣ кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд, ки дар натиҷа байни сарҳадбонон ва қочоқбарон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар ҷараёни задухӯрд ду нафар аз қочоқбарон ба ҳалокат расида, 2 нафари дигарашон ба самти Афғонистон фирор намуданд. Мавриди зикр аст, ки маҳз дар ҳамин минтақа 21 феврали соли ҷорӣ як гурӯҳи қочоқбар аз марзи Афғонистон вориди Тоҷикистон гардида, ҳангоми бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шудан, ҷониби онҳо аз яроқи оташфишон тир холӣ намуд, ки дар натиҷа як нафар сарбози мақомоти Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруфов Сироҷиддин Абдусаломович, соли таваллудаш 1994, аз захми тир дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид. Оид ба ин масъала дар ҳамкорӣ бо сарҳадбонони Пулиси сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон вохӯрии дуҷониба гузаронида шуда, ҷонибҳо масъалаи мазкурро муҳокима намуда, ба хулоса омаданд, ки ҳамкориро дар самти пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо гӯруҳҳои ҷиноятпеша дар якҷоягӣ боз ҳам мустаҳкам намоянд. Дар ин бора аз Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






