Кишти пистаи эронӣ дар Дарвоз

Март 29, 2014 10:22

    Дарвоз, 29.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Соҳибкори ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз  Султон Қиронов дар майдони яку ним гектар боғи нав бунёд кард. Дар ин боғ қариб  тамоми намудҳои дарахтонро дидан мумкин аст. 
      Имсол бори нахуст Султон Қиронов дар боғи худ  тухми як навъи дарахт бо номи пистаи эрониро кишт карда, ҳоло баъди сабзиш дар замин мешинонад. Тарзи шинондан, парвариш ва нигоҳубини ин намуди дарахтро вай аз мутахассисони соҳаи боғдорӣ омӯхтааст.
       Ба гуфтаи сардори бахши кишоварзии ин ноҳия Нурмамад Додов баъди шодоб гардидани дашти Роғак ва баланд гаштани ҳосилнокии замин акнун хар бошандаи ин деҳа кӯшиш мекунад ба деҳқонӣ машғул шавад. Ин мутахассиси ҷавон мегӯяд, ки агар деҳқонон мутобиқ ба талаботи меъёрҳои агросаноатӣ заминро кишт кунанд, ҳамасола то 12 ҳазор сомонӣ аз он даромад ба даст меоранд.
      Дашти Роғак, ки  замини васеи киштбоб дорад, чандин сол  ба сабаби беобӣ  бекор монда буд.Ҳоло  тавассути васл кардани як қубури обгузар аз кишвари ҳамсояи Афғонистон замини он  шодоб гашта, акнун  деҳқонони ҷамоати мазкур  имкон пайдо намуданд, дуввумбора бо иқтидори боз ҳам баландтар заминҳои ин даштро ба кор андозанд.  Дар чанд соли охир лимупарварӣ низ дуввумбора барқарор шуда, ҳоло миқдори  лимухонаҳо ба 12 адад расидааст. 

Март 29, 2014 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе