Китоби тозанашр дар бораи Наврӯз

Март 21, 2014 09:39

Душанбе, 21.03.2014.АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Наврӯз ва анъанаи таърихию фарҳангии мардумони Осиёи Марказӣ:дирӯз ва имрӯз»- таҳти чунин унвон дар остонаи ҷашни байналмилалии мардумони ориёинажод -Наврӯз нашриёти «Дониш» китоберо ба тозагӣ нашр намуд. Китоби мазкур дастранҷи олимону донишмандони Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Туркманистон буда, он бо забони русӣ аз сӯи олимони тоҷик Аскаралӣ Раҷабов ва Муҳаммадраҳим Каримов мураттаб гардидааст. Аскаралӣ Раҷабов, яке аз мураттибони ин китоб дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки китоби мазкур аввалин таҳқиқоти илмӣ- иҷтимоест, ки дар он на танҳо мавқеи Тоҷикистон ҳамчун меросбар, балки кишвари тамаддунофари Наврӯз зикр шудааст.Дар китоб мақолаҳои олимону донишмандони шинохтаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Эрон, ки ба Наврӯз бахшида шудаанд, гирд оварда шудаанд. Бояд зикр кард, ки ҷашни мардумони ориёинажод -Наврӯз, ки таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад, 19 феврали соли 2010 дар асоси қатъномаи Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ касб кард. Бо ҷаҳонӣ гардидани Наврӯз ҳавзаи таҷлили он васеъ гардид. Ин аст, ки ҳар сол ин ҷашни эҳёи табиат ва дӯстиву иттиҳоди мардумон дар кишварҳое, ки Наврӯзро оини миллӣ дониста, гиромӣ медоранд, дар сатҳи баланд бо шукуҳи хосса истиқбол гирифта мешавад.

Март 21, 2014 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе