«Кодимир»- ороишгари технологию мавзӯии Душанбе

Март 5, 2014 10:00

Душанбе, 05.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар оянда ширкати русии «Кодимир» дар ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбону кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангии Душанбе саҳм хоҳад гузошт. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории шаҳрдории Душанбе бо ин ширкати русӣ дар меҳвари мулоқоти Маҳмадсаид Убайдулоев -раиси шаҳри Душанбе ва мудири ширкати «Кодимир» Елена Зайтсева қарор доштанд. 
     Бояд тазаккур дод, ки ширкати «Кодимир”-и Маскав дар озмуни байналмилалии эълоннамудаи шаҳрдории Душанбе аз августи соли 2013 барои ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбону кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии пойтахт  аз сӯи комиссияи озмунӣ номзади асосӣ шинохта шудааст.  
     Дар мулоқот раиси шаҳр таваҷҷуҳи   мудири ширкати “Кодимир”-ро ба  тарҳрезии консепсияи истифодаи технологияҳои муосиру каммасрафи барқӣ нигаронид. Зикр шуд, ки соли равон 90 — солагии Душанбе таҷлил гардида, инчунин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай доир мегардад. Дар робита ба ин чорабиниҳои бошукӯҳ бобати ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбону биноҳои пойтахт бо истифода аз таҷрибаи ширкати мазкур  дастовардҳои муосири рекламавӣ роҳандозӣ хоҳанд гардид.

Март 5, 2014 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад