«Кодимир»- ороишгари технологию мавзӯии Душанбе
Душанбе, 05.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Интизор меравад, ки дар оянда ширкати русии «Кодимир» дар ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбону кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангии Душанбе саҳм хоҳад гузошт. Ин ва дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории шаҳрдории Душанбе бо ин ширкати русӣ дар меҳвари мулоқоти Маҳмадсаид Убайдулоев -раиси шаҳри Душанбе ва мудири ширкати «Кодимир» Елена Зайтсева қарор доштанд.
Бояд тазаккур дод, ки ширкати «Кодимир”-и Маскав дар озмуни байналмилалии эълоннамудаи шаҳрдории Душанбе аз августи соли 2013 барои ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбону кӯчаҳои асосӣ, биноҳои маъмурию фарҳангӣ ва хизматрасонии пойтахт аз сӯи комиссияи озмунӣ номзади асосӣ шинохта шудааст.
Дар мулоқот раиси шаҳр таваҷҷуҳи мудири ширкати “Кодимир”-ро ба тарҳрезии консепсияи истифодаи технологияҳои муосиру каммасрафи барқӣ нигаронид. Зикр шуд, ки соли равон 90 — солагии Душанбе таҷлил гардида, инчунин нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай доир мегардад. Дар робита ба ин чорабиниҳои бошукӯҳ бобати ороиши технологӣ ва мавзӯии хиёбону биноҳои пойтахт бо истифода аз таҷрибаи ширкати мазкур дастовардҳои муосири рекламавӣ роҳандозӣ хоҳанд гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






