Конфронс оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон

Март 6, 2014 10:00

 Душанбе,  06.03.2014. (АМИТ «Ховар»,  Муқаддас Темурзода).-Сафорати Ҷопон ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо  (ИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии барномаҳои идораи сарҳад дар Осиёи Марказӣ (BOMCA) ва Идораи сарҳад дар қисми шимолии Афғонистон (BOMNAF), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби БРСММ амалӣ мегардад,  4 ва 5-уми марти соли ҷорӣ оид ба роҳҳои беҳтар намудани идораи сарҳад ва ҳамкории байнимарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон конфронс  баргузор намуд.
Тибқи иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, конфронс дар доираи созишномаҳои нишастҳое, ки байни ИА ва Ҷопон тасвиб гардидаанд,  баргузор шуд.
Ҳадаф аз конфронси мазкур рушди нерӯи устувори сохторҳои маҳаллӣ, беҳтар намудани идораи сарҳад ва дарёфт намудани роҳҳои идомаи  ҳамкориҳои байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад. 
Дар чорабинӣ ба масоили муайянкунии соҳаҳои омӯзиш, мувофиқа намудани амалиёти байнисарҳадӣ, таҳкими амалиёт оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар, беҳтар намудани шаффофият ва ҳисоботнокӣ, беҳбуди хизматрасониҳои байнисарҳадӣ ва мусоидат ба савдо эътибори хосса дода шуд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 ин ҷониб фаъолият намуда, ҳар сол барои рушд ба маблағи тақрибан 25 млн. ЕВРО кӯмак мерасонад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд.

Март 6, 2014 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад