Конфронс оид ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон
Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Сафорати Ҷопон ва намояндагии Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии барномаҳои идораи сарҳад дар Осиёи Марказӣ (BOMCA) ва Идораи сарҳад дар қисми шимолии Афғонистон (BOMNAF), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ гардида, аз ҷониби БРСММ амалӣ мегардад, 4 ва 5-уми марти соли ҷорӣ оид ба роҳҳои беҳтар намудани идораи сарҳад ва ҳамкории байнимарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон конфронс баргузор намуд.
Тибқи иттилои намояндагии ИА дар Тоҷикистон, конфронс дар доираи созишномаҳои нишастҳое, ки байни ИА ва Ҷопон тасвиб гардидаанд, баргузор шуд.
Ҳадаф аз конфронси мазкур рушди нерӯи устувори сохторҳои маҳаллӣ, беҳтар намудани идораи сарҳад ва дарёфт намудани роҳҳои идомаи ҳамкориҳои байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мебошад.
Дар чорабинӣ ба масоили муайянкунии соҳаҳои омӯзиш, мувофиқа намудани амалиёти байнисарҳадӣ, таҳкими амалиёт оид ба мубориза бар зидди маводи нашъаовар, беҳтар намудани шаффофият ва ҳисоботнокӣ, беҳбуди хизматрасониҳои байнисарҳадӣ ва мусоидат ба савдо эътибори хосса дода шуд.
Зикр намудан ба маврид аст, ки ИА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 ин ҷониб фаъолият намуда, ҳар сол барои рушд ба маблағи тақрибан 25 млн. ЕВРО кӯмак мерасонад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






