Коргоҳи дӯзандагӣ барои 400 нафар
Ваҳдат, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф) — Дар маркази шаҳри Ваҳдат бунёди боз як корхонаи нави истеҳсолӣ-фабрикаи дӯзандагӣ оғоз гардид. Фабрикаи дӯзандагӣ бо ташаббуси соҳибкори шинохта, сарвари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ёқут-2000» Абдуҳалим Қодиров дар қабатҳои якуму дуюми бинои нави истиқоматии дувоздаҳошёна арзи ҳастӣ мекунад. Баъди бунёди коргоҳи мазкур 400 нафар занону духтарон бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд. Сохтмони бинои мазкурро бинокорони бригадаи ҶДММ «Ёқут-2000» бо сарварии Шариф Исоқов ба уҳда доранд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






