Курсҳои омӯзишии соҳибкорӣ барои ҷавонон
Душанбе, 11.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Ташкилоти ҷамъиятии » Ҷавонони асри нав» тасмим гирифтааст, дар доираи Лоиҳаи » Бизнес-инкубатори ҳамкорӣ» ва “Бизнес -некдилӣ», ки аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, чорабиниҳои ташкиливу омўзишӣ баргузор намояд. Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ макони татбиқи лоиҳа дар шаҳри Душанбе дар назар дошта шуда, гурӯҳҳои мақсадноки лоиҳа ҷавонони муқими пойтахт интихоб шудаанд. Курсҳои омӯзишӣ миёни ҷавонони болаёқат доир гашта, ба онҳо маҳорату малакаҳои муосири фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби мутахассисон ва соҳикорони муваффақ омӯзонида мешаванд.Гуфта мешавад, ки мақсад аз лоиҳаи мазкур ташкили шароити корӣ барои мутахассисони ҷавон бо таъсиси инкубатори тиҷоратӣ ва омўзиши онҳо мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






