Курси омӯзишӣ барои хидматчиёни давлатӣ

Март 12, 2014 11:48

Душанбе, 12.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- Дар  шаҳри Душанбе  курси серӯзаи  омӯзишӣ  бахшида ба  Муоҳадаи Созмони Милали  Муттаҳид алайҳи  ришвагирӣ  ва усули  роҳандозии хулосаи ҳуҷҷати  мазкур  анҷом  ёфт. 
 
Тавре  ки  аз дафтари  САҲА  дар  Тоҷикистон хабар  доданд,   курси  омӯзиширо  дафтари  САҲА бо  иштироки  ду  нафар  мутахассисони  бахши  Муоҳадаи  СММ рӯи  кор  оварданд. 
 
Мақсад аз роҳандозии   курси  омӯзишӣ  афзун  намудани иқтидори   сохторҳои  давлатӣ  буд.
 
Дар  курси  омӯзишӣ  кормандони  Агентии  назорати  давлатии  молиявӣ  ва мубориза бо  коррупсияи  ҶТ, Прокуратураи  генералии ҷумҳурӣ, ҳамчунин  вазорату  идораҳои  Тоҷикистон ширкат  доштанд.
 
Тайи  моҳҳои  май  ва  июни  соли  2014  доир  намудани боз  ду  семинар  аз  рӯи  мавзӯи зикршуда  дар  назар  аст.

Март 12, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш