Лағви 19 қарор дар бораи ихроиҷи шаҳрвандони Тоҷикистон
Душанбе, 06.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Суди ноҳияи Измайлови шаҳри Маскав тасмим гирифт, ки ба муҳокимаи парванда дар бораи қонуншикании маъмурӣ нисбат ба шаҳрванди Тоҷикистон Латиф Самиев аз рӯи моддае, ки ихроҷ аз қаламрави ФР ва ҷарима дар ҳаҷми 5 ҳазор рублро пешбинӣ менамояд, хотима дода шавад. Ин қарори суд дар натиҷаи мусоидати Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар ФР қабул шуд.
Ба гуфтаи арзкунанда, вай дар давраи сукунаташ талабҳои қонунгузории федералиро вайрон накардааст. Дар ҷараёни баррасии муроҷиати ҷониби ҳимоятгар аризаи шикоятии Латиф Самиев ба суди шаҳри Маскав фиристода шуда, мақомоти судӣ бо дарназардошти мавҷуд набудани ҳодисаҳои қонуншикании маъмурӣ парвандаро қатъ намуд.
Мувофиқи маълумоти манбаъ, тайи ду моҳи соли 2014 бо мусоидати намояндагӣ 19 қарори мақомоти судҳои ноҳиявӣ дар бораи ихроҷи маъмурии шаҳрвандони Тоҷикистон бекор карда шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






